Вазъи коронавирус дар ИДМ

Вазъи коронавирус дар ИДМ
Март 18
16:30 2020

Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Ӯзбекистон мутаносибан ба 147, 84, 51, 35 ва 15 нафар расид. Дар ин бора  Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Қаблан шумораи гирифторони коронавирус дар Россия 114 нафар, дар Арманистон — 78, дар Беларус — 36, дар Қазоқистон – 33 ва дар Ӯзбекистон – 11 нафар буд.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳолати субҳи 18 март дар Озарбойҷон — 34, дар Молдова — 30, дар Украина 7 ва дар Қирғизистон – 3 ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи гирифторони коронавирус бетағйир боқӣ монда, 22 нафарро ташкил медиҳад , ки миёни онҳо як нафар аз беморхона ҷавоб шуд.

Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард. Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 200 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 8 ҳазор нафар вафот карда, беш аз 82,8 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 6,4 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

 

АКС аз Михаил Семенов/ТАСС

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 11
  • 905
  • 1,242
  • 949,925