COVID-19. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ шумораи мубталоён ба коронавирус ба 91 ва дар фазои ИДМ ба 700 нафар расид

COVID-19. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ шумораи мубталоён ба коронавирус ба 91 ва дар фазои ИДМ ба 700 нафар расид
Март 21
14:03 2020

Ба ҳолати субҳи 21 март шумораи мубталоён ба коронавирус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба 91 ва дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба 700 нафар расид. Дар ин бора  Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки ҳамчунин аъзои ИДМ мебошанд, шумораи мубталоён ба коронавирус мутаносибан 52, 33 ва 6 нафарро ташкил медиҳад.

То имрӯз дар дигар давлатҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла дар Россия 253 ҳолат, дар Арманистон – 136, дар Беларус – 69, дар Молдова – 66, дар Озарбойҷон – 44 ва дар Украина – 41 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, шумораи умумии онҳо дар фазои Иттиҳод 700 нафарро ташкил медиҳад.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи гирифторони коронавирус 24 нафар буда, аз миёни онҳо 1 кас аз беморхона ҷавоб шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 276 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 11,4 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 91,9 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 7,9 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

АКС аз Uzbekistan Airways

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 920
  • 1,242
  • 949,940