5038 нафар ба карантин фаро гирифта шуданд

5038 нафар ба карантин фаро гирифта шуданд
Март 24
08:12 2020

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад,  ки аз 1  феврал то 23 марти соли равон 5038 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, ба дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин  фаро гирифта шуданд.

Аз ин шумора то санаи зикргардида 1981 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 3057 нафарашон дар  беморхонаҳои сироятии мамлакат  ба карантин фаро гирифта шудаанд. Дар миёни шаҳрвандони ба карантин фаро гирифташуда 107 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшиш ва талоши хешро ба он равона сохтааст то шаҳрвандони аз хориҷ ба Тоҷикистон воридшуда муддати дар карантин қарор доштаашонро дар шароити хуб сипарӣ намоянд.

Аз ҷумла,  то санаи зикргардида дар Маркази тиббии шаҳрии рақами 1-и пойтахт (якум советский) 369 шаҳрвандоне, ки аз якчанд кишвари хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, ба карантин фаро гирифта шудаанд. Тамоми шароит ва имконоти мусоид дар маркази тиббии мазкур барои нафарони ба карантин фаро гирифташуда муҳайё гардидааст.

Ҳамзамон, қайд намудан ба маврид аст, ки бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нафароне, ки муваққатан дар ҷойҳои на он қадар хуб ба карантин фаро гирифта шуда буданд, ба маконҳои дорои шароит ва имконоти хуб интиқол дода шуданд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони мамлакат даъват ба амал меорад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба сирояти коронавирус, ки гӯё дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, бовар нанамоянд.

То имрӯз, 23 марти соли равон сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба йайд гирифта нашудааст, аммо чораҳои пешгирикунандаи он рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 976
  • 1,242
  • 949,996