Имрӯз, 27 марти соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода бо аъзои Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи табибони ҷавон”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир намуд.
Ҳадаф ва мақсади вохурӣ ташкил намудани гурӯҳи волонтёрон дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки онҳо дар ҳолати эълон гардидани карантин дар ҷумҳурӣ миёни аҳолӣ гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ кӯмак расонидан ба эҳтиёҷмандон арзёбӣ гардид.
Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади дар байни аҳолӣ пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати тиббии шаҳрвандон дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи табибони ҷавон” таъсис дода шудааст.