COVID-19. Шумораи мубталоёни коронавирус дар ИМА аз 100 ҳазор нафар гузашта, теъдоди умумии онҳо дар ҷаҳон тақрибан ба 600 ҳазор расид

COVID-19. Шумораи мубталоёни коронавирус дар ИМА аз 100 ҳазор нафар гузашта, теъдоди умумии онҳо дар ҷаҳон тақрибан ба 600 ҳазор расид
Март 28
09:27 2020

Ба ҳолати 28 март дар саросари ҷаҳон шумораи умумии гирифторони намуди нави коронавируси COVID-19 тақрибан ба 600 ҳазор нафар расида, ҳоло  597 267 касро ташкил медиҳад. Шумораи фавтидагон беш аз 27 ҳазор нафар ва теъдоди онҳое, ки аз коронавирус шифо ёфтаанд, зиёда аз 133 ҳазор нафар мебошад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Ҳамчунин аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА дирӯз аз Чин, ки макони хуруҷи беморӣ мебошад, пеш гузашта, дар ҷои аввал қарор гирифт. Теъдоди мубталоён дар ИМА 104 205 нафарро ташкил медиҳад.

Италия низ Чинро пас гузошта, ба ҷои дуюм баромад. Дар он то имрӯз 86 498 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Италия мамлакати аврупоиест, ки дар он шумораи фавти баланд аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 9 134 нафарро ташкил медиҳад.

Чин аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои сеюм буда, дар он 81 394 нафар мубталои коронавирус шудаанд.

Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар Испания — 65 719, Германия — 50 871, Франсия — 32 964, Эрон — 32 332, Британияи Кабир — 14 543, Швейтсария — 12,928, Кореяи Ҷанубӣ — 9 332, Нидерланд – 8 603,  Австрия – 7 697,  Белгия – 7 284,  Туркия – 5 698 ва Канада – 4 757 ба қайд гирифта шудааст.

Ба даҳгонаи давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, Италия (9 134 нафар), Испания (5 138), Чин (3 295), Эрон (2 378), Франсия (1 995), ИМА (1 701), Британияи Кабир (759), Недерланд (546), Германия (351) ва Белгия (289) дохил мешаванд.

СУТ имрӯз дар бораи беш аз 195 кишвар ва ҳудуд гузориш медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

АКС аз JOHN MINCHILLO / AP

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 1,063
  • 1,242
  • 950,083