ПАНДЕМИЯИ COVID-19. Шумораи мубталоёни коронавирус дар Италия ба 100 ҳазор нафар наздик шуда, теъдоди умумии онҳо дар ҷаҳон ба беш аз 700 ҳазор нафар расид

ПАНДЕМИЯИ COVID-19. Шумораи мубталоёни коронавирус дар Италия ба 100 ҳазор нафар наздик шуда, теъдоди умумии онҳо дар ҷаҳон ба беш аз 700 ҳазор нафар расид
Март 30
12:30 2020

Ба ҳолати 30 март дар саросари ҷаҳон шумораи умумии гирифторони намуди нави коронавируси COVID-19 ба беш аз 722 ҳазор нафар расида, теъдоди беморони шифоёфта ва фавтида мутаносибан зиёда аз 33 ҳазор кас ва 151 ҳазор тан мебошад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Дар ҷаҳон аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА дар ҷои аввал қарор дорад. Теъдоди мубталоён дар Иёлоти Муттаҳида 142 178 нафарро ташкил медиҳад.

Италия дар ҷои дуюм буда, дар он то имрӯз 97 689 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Италия мамлакати аврупоиест, ки дар он шумораи фавти баланд аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 10 779 нафарро ташкил медиҳад.

Чин аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои сеюм қарор гирифта, дар он 81 470 нафар мубталои коронавирус шудаанд.

Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар Испания — 80 110, Германия — 62 435, Франсия — 40 174, Эрон — 38 309, Британияи Кабир — 19 522, Швейтсария — 14 829, Нидерланд – 10 866,  Белгия – 10 836,  Кореяи Ҷанубӣ — 9 661, Туркия – 9 217, Австрия – 8 788 ва Канада – 6 320 ба қайд гирифта шудааст.

Ба даҳгонаи давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, Италия (10 779 нафар), Испания (6 803), Чин (3 304), Эрон (2 640), Франсия (2 606), ИМА (2 484), Британияи Кабир (1 228), Недерланд (771), Германия (541) ва Белгия (431) дохил мешаванд.

СУТ имрӯз дар бораи беш аз 195 кишвару ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

АКС аз AP / Alessandra Tarantino

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,154
  • 1,242
  • 950,174