Апрел 02
08:22
2020
Ба диққати донишҷуёни муассисаҳои таълимии тиббӣ ва табибони ҷавони мамлакат расонида мешавад, ки «Иттиҳодияи табибони ҷавон», ки дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, қабули аъзоёнро ба иттиҳод ба роҳ мондааст. Хоҳишмандон метавонанд барои шомил гардидан ба иттиҳодияи мазкур ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
- Маълумотнома аз муассисаи таълимӣ
- 2 дона расмӣ 3х4
- Нусхаи шиноснома
Барои маълумоти бештар ба телефонҳои 2273017; +992985310598 (Viber, Whatsapp; 939080813 занг бизанед.