COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия беш аз 3,5 ҳазор нафар гардид

COVID-19 ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия беш аз 3,5 ҳазор нафар гардид
Апрел 02
14:11 2020

Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Россия 771 нафар зиёд шуда, дар маҷмӯъ 3548 касро ташкил медиҳад. Ҳамзамон шумораи беморони шифоёфта ва фавтида низ дар ин кишвар  зиёд шуда, мутаносибан ба 235 ва 30 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Ҳамчунин дар дигар давлатҳои ИДМ, аз ҷумла дар Украина шумораи беморони гирифтор ба COVID-19 ба 804 нафар, дар Арманистон ба 663, Ӯзбекистон ба 190 ва  Қирғизистон ба 116 нафар расид.

Дар Беларус, Қазоқистон, Молдова ва Озарбойҷон шумораи гирифторон бетағйир боқӣ монда, мутаносибан 163, 402, 423 ва 359 нафарро ташкил медиҳад.

Дар ҳамаи ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ меафзояд. Масалан, то ин дам дар Россия 235 нафар, Беларус — 53, Арманистон — 33, Қазоқистон — 27, Озарбойҷон — 26, Молдова — 23, Украина – 13, Ӯзбекистон – 12 ва Қирғизистон — 5 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Дар баробари ин, дар Россия 30 ҳолат, Украина – 20, Озарбойҷон – 5, Молдова – 4, Арманистон – 4, Қазоқистон — 3, Ӯзбекистон — 2 ва Беларус — 2 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Бояд тазаккур дод, ки миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи мубталоён ба коронавирус зиёд шуда, 239 нафарро ташкил медиҳад, ки панҷ нафари онҳо шифо ёфта, чор тани дигар вафот кардаанд.

Мувофиқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 938 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора  зиёда  аз 47 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 195 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 35 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (215 344 нафар), Италия (110 574), Испания (104 118), Чин (81 589), Германия (77 981), Франсия (56 989), Эрон (47 593), Британияи Кабир (29 474), Швейтсария (17 781) ва Туркия (15 679) дохил мешаванд.

СУТ, ки 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда буд, имрӯз дар бораи беш аз 200 кишвару ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 17
  • 792
  • 1,242
  • 949,812