Таҳти унвони «Мо табибони ҷавон рисолати касбии худро ҳифз менамоем» имрӯз аз ҷониби аъзоёни «Иттиҳоди табибони ҷавон» дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» бо хонандагони як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоли Сомонии шаҳри Душанбе вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои беҳдошти шахсӣ, пешгирии бемориҳои гунонгуни сироятӣ, ҳамзамон дастрасӣ пайдо намудан ба маводҳои иттилоотии вобаста ба сирояти коронавирус мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи ихтиёрии волонтиёрон таъсис дода шудааст, ки ҷиҳати таблиғи тарзи ҳаёти солим пайваста дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир менамояд.
Дар чорабинии мазкур ҳаштод нафар табибони ҷавон, волонтёрон иштирок доштанд ва тавонистанд дар як ваќти пешбинишуда бист муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияро фаро бигаранд.