«Худро аз сирояти коронавирус ҳифз намоед!»-таҳти ин унвон дар Хуҷанд аксия доир гардид

«Худро аз сирояти коронавирус ҳифз намоед!»-таҳти ин унвон дар Хуҷанд аксия доир гардид
Апрел 07
06:25 2020

Дар майдони Регистони бозори марказии «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд,  Маркази вилоятии ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории СПИД-и вилояти Суғд таҳти унвони «Худ ва дигаронро аз сирояти коронавирус ҳифз намоед» аксия доир гардид.

Тавре аз Маркази иттилоот ва таҳлили КИ ҲХДТдар шаҳри Хуҷанд хабар доданд, ташкилкунандагони ин ҳамоиш зимни тақсимоти варақаҳо ба сокинон ҳушдор медоданд, ки ба хотири ҷилавгирии сироятёбӣ аз коронавирус онҳо бояд бештар худро аз издиҳом канора гиранд, ҳамчунин ба рӯй кашидани ниқоби ҳимоятӣ, сари вақт бо оби гарм ва собун шустани дастон ва дигар корҳои тозагиро риоя намоянд.  Таъкид шуд, ки барои баланд бардоштани масуният (иммунитет) ҳарчи бештар истеъмол намудани ғизоҳо ва алалхусус, сабзавоту меваҷот, пиёз ва сирпиёз (чеснок) ҳамчун фитонсид мувофиқи мақсад аст.

Ҳамчунин аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ба овозаҳои сироятёбии сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов  ба ин беморӣ бовар накунанд. Зеро бино ба иттилои сардори Раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода, дар вилоят ягон бемори сироятшуда бо ташхиси коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.  Пурзӯр намудани назорати сокинон, дар маҳаллаю кӯчаҳо бо худ доштани ниқоби ҳимоятӣ танҳо чораи худро эҳтиёт кардан аст.

Маълумот дода шуд, ки бемории сироятии коронавирус имрӯз ба ҳаёти сокинони сайёра, хосса давлатҳои Аврупо ва Америка  хисороти беш оварда, бинобар риоя накардани чораҳои пешгирӣ сироятёбӣ авҷ гирифта истодааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 1,156
  • 1,242
  • 950,176