COVID-19 ДАР ҶАҲОН. Дар ИМА шумораи гирифторони коронавирус беш аз 400 ҳазор гардид

COVID-19 ДАР ҶАҲОН. Дар ИМА шумораи гирифторони коронавирус беш аз 400 ҳазор гардид
Апрел 08
07:32 2020

Дар ИМА шумораи шахсони гирифтор ба намуди нави коронавируси COVID-19 давоми шабонарӯзи гузашта 33 ҳазору 331 нафар зиёд шуда, дар маҷмӯъ ба 400 ҳазору 412 нафар расид. Аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА дар ҷои аввал қарор дорад. Ҳамчунин шумораи беморони шифоёфта ва фавтида дар Иёлоти Муттаҳида мутаносибан 21 ҳазору 674 нафар ва 12 ҳазору 854 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Мувофиқи маълумоти СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 1 миллиону 431 ҳазору 706 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 82 ҳазору 80 нафар вафот карда, 302 ҳазору 150 кас шифо ёфтаанд ва 47 ҳазору 894 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ба ҷуз аз ИМА ҳамчунин Испания (141 942 нафар), Италия (135 586), Франсия (109 069), Германия (107 663), Чин (81 802), Эрон (62 589), Британияи Кабир (55 242), Туркия (34 109) ва Швейтсария (22 253) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар дар Чин — 77 279 нафар, Испания – 43 208, Германия – 36 081, Эрон – 27 039, Италия – 24 392, ИМА – 21 674, Франсия – 19 337, Швейтсария – 8 704, Кореяи Ҷанубӣ – 6 776 ва Белгия – 4 157 нафар беморон шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, Италия (17 127 нафар), Испания (14 045), ИМА (12 854), Франсия (10 328), Британияи Кабир (6 159), Эрон (3 872), Чин (3 333), Нидерланд (2 101), Белгия (2 035) ва Германия (1 810) дохил мешаванд.

СУТ, ки 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда буд, имрӯз дар бораи беш аз 205 кишвару ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 14
  • 1,017
  • 1,242
  • 950,037