Шаҳрванд Тошев Ҳоҷимуҳаммад бо ташхиси «Бемории ишемиявии дил, Фишорбаландии дараҷаи 2, хатари 4» фавтид

Шаҳрванд Тошев Ҳоҷимуҳаммад бо ташхиси «Бемории ишемиявии дил, Фишорбаландии дараҷаи 2, хатари 4» фавтид
Апрел 11
09:24 2020

Аз 1 феврал то 11 апрел 7 ҳазору 432 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, дар муассисаҳои тандурустӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз шумораи  зикршуда то 11 апрел 5 ҳазору 530 нафар  ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, айни ҳол 1902 нафари онҳо  зери назорати  карантинӣ  қарор доранд.

Ҳамзамон иттилоъ медиҳем, ки 11 апрел сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов Тошев Ҳоҷимуҳаммад, ки дар дар карантин дар Беморхонаи минтақавии «Ўзбекқишлоқ» қарор дошт, бо ташхиси «Бемории ишемиявии дил, Фишорбаландии дараҷаи 2 , хатари 4» фавтид.

Вобаста ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меоварад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои беасоси сироятёбии шаҳрвандон бо коронавируси нав бовар нанамоянд ва танҳо ба маълумотҳои мақомоти расмӣ, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон такя намоянд.

Инчунин, шаҳрвандони кишвар метавонанд зимни пайдо гардидани суол ва дастрасии тавсияҳо нисбати сирояти коронавируси нав, тавассути телефони 511, ки дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври шабонарўзӣ фаъолият менамояд, муроҷиат намоянд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 1,039
  • 1,242
  • 950,059