Кӯмаки молу мавод ва таҷҳизоти тиббӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус (АКС)

Кӯмаки молу мавод ва таҷҳизоти тиббӣ ҷиҳати пешгирии  сирояти коронавирус  (АКС)
Апрел 16
15:42 2020

Имрӯз, 16 апрели соли равон  дар Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус ба мамлакат аз ҷониби ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромантаж” як миқдор молу мавод ва таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, тестҳо барои муайян кардани сирояти коронавирус ва либосҳои муҳофизати барои кормандони соҳаи тандурустӣ  ба раёсати мазкур тақдим карда шуд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифҳи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода зимни супоридани молу мавод ва  таҷҳизоти тиббии мазкур иброз намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба мамлакат корҳои назаррасро  амалӣ намуда истодааст.

Номбурда ҳамзамон иброз намуд, ки  айни замон бо мақсади пешгирии интиқоли сирояти коронавирус дар мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ ва нақшаи чорабиниҳои мукаммал дар вазорату идораҳо мавриди амал қарор доранд.

-Хурсандиовар аст, ки имрӯз бисёр вазорату идораҳои мамлакат дар якҷоягӣ баҳри пешгирии интиқоли ин вирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар доранд.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва инчунин тибқи супориши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромантаж” иқдом гирифт, ки аз Ҷумҳурии  Мардумии Чин ба маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ  молу мавод ва таҷҳизоти тиббии заруриро харидорӣ ва ба соҳаи тандурустии мамлакат  тақдим намояд. Ин иқдоми ҷамъияти мазкур имрӯз амалӣ карда шуд. Маҷмӯи  молу мавод ва таҷҳизоти зикршуда, ки айни замон ба соҳаи тандурустӣ тақдим карда шуданд, аз 10 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, беш аз 20 ҳазор тестҳо барои муайян кардани сирояти коронавирус ва инчунин 500 адад либосҳои муҳофизатӣ барои кормандони соҳаи тандурустии  мамлакат  иборат мебошанд. Ман аз номи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромантаж” барои чунин кӯмаки беғаразонаашон дар ин лаҳзаҳои басо муҳим самимона изҳори миннатдорӣ баён менамоям,- афзуд муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 938
  • 1,242
  • 949,958