COVID-19. Дар Ӯзбекистон 1 380 нафар ба коронавирус гирифтор шуда, 129 кас шифо ёфтаанд

COVID-19. Дар Ӯзбекистон 1 380 нафар ба коронавирус гирифтор шуда, 129 кас шифо ёфтаанд
Апрел 17
12:11 2020

Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Ӯзбекистон 31 нафар зиёд шуда, 1380 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди беморони шифоёфта 129 нафар ва шумораи фавтидагон 4 кас мебошад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз ҷумла дар Россия 27 938 ҳолат, Беларус – 4204, Украина — 4 161, Молдова – 2 154, Қазоқистон – 1 470, Озарбойҷон – 1 283, Арманистон – 1 159 ва Қирғизистон 489 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ошкор гардид.

Ҳамчунин то имрӯз дар Россия 2 304 нафар, Озарбойҷон – 460, Арманистон  – 358, Қазоқистон – 285, Молдова – 235, Беларус – 203, Украина — 186, Ӯзбекистон – 129 ва Қирғизистон – 112 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Ҳамзамон дар Россия 232 ҳолат, Украина – 116, Молдова – 54, Беларус – 40, Арманистон – 18, Қазоқистон – 17, Озарбойҷон – 15, Қирғизистон – 5 ва Ӯзбекистон 4 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 840 нафар буда, 54 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 30 тани дигар вафот кардаанд.

Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷаҳон дар ҷои аввал қарор дорад, 678 ҳазору 144 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 34 ҳазору 341 нафар ва шумораи шифоёфтагон 57 ҳазору 844 касро ташкил медиҳад.

Дар Испания шумораи сироятёфтагон 184 ҳазору 948 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта 4 289 ҳолати нав тасдиқ гардид. Дар он 19 ҳазору 315 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 74 ҳазору 797 кас шифо ёфтаанд.

Дар Италия шумораи мубталоён 168 ҳазору 941 нафар ва теъдоди фавтидагон 22 ҳазору 170 нафар мебошад. Дар Франсия 165 ҳазору 67 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 17 920 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар Германия теъдоди мубталоён 137 ҳазору 698 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 4 052 мебошад. Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 103 ҳазору 93 нафар ва теъдоди ҳолатҳои фавт 13 ҳазору 729 нафар мебошад.

Дар Чин 82 ҳазору 692 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, давоми рӯз 351 ҳолати нав ошкор гардид. Ҳамчунин дар он 4 632 нафар вафот кардаанд.

Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 77 ҳазору 995 нафарро ташкил дода, аз онҳо 4 ҳазору 869 нафар вафот кардаанд. Теъдоди ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Туркия 74 ҳазору 193 нафар ва дар Белгия – 34 809 нафар мебошад.

СУТ имрӯз дар бораи 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 1,041
  • 1,242
  • 950,061