Кӯмаки соҳибкор ба вазорат

Кӯмаки соҳибкор  ба вазорат
Апрел 29
11:44 2020

Имрӯзҳо аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва ватанӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмакҳои хайриявӣ иборат аз молу мавод ва таҷҳизоти тиббӣ расонида шуда истодаанд.

Дар партави ин иқдом, имрӯз, 28 апрели соли равон аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Пешсаф” 104 дона респиратор, 100 дона либосҳои муҳофизати тиббӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тақдим карда шуд.

Тавре директори Ташкилоти ҷамъиятии “Пешсаф” Руслан Шукуров иброз дошт, бо назардошти вазъи кунунии сирояти коронавирус, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, онҳо тасмим гирифтанд, ки бо мақсади пешгирии вируси мазкур маводҳои мазкурро ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намоянд.

Бояд гуфт, ки ин кӯмак дар доираи чаҳорчубаи Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба тозакунии ҷойҳои  заҳролудшуда расонида шуд.

Ташкилоти ҷамъиятии “Пешсаф” соли 2001 таъсис дода шуда, ҳадафи он таъмин намудани сатҳи  амнияти экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон мебошад.

Соли ҷорӣ ташкилоти мазкур дар се ноҳияи вилояти Хатлон, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Қубодиён ва Носири Хусрав  бо истифода аз 1000 тонна моддаҳои заҳролуди бо хок омехташуда заминҳои ноҳияҳои болозикрро тоза намуд.

Бояд гуфт, ки расонидани кӯмак аз ҳаҷм ва миқдори он вобастагӣ надорад, балки  он аз таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва эътибори чунин созмону ташкилот ва шахсони алоҳида дар  ин лаҳзаҳои ҳассос  ба  мардуми кишвар ба ҳисоб меравад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 908
  • 1,242
  • 949,928