32 ҳодисаи коронавируси нави CОVID-19 дар Тоҷикистон

32 ҳодисаи коронавируси нави CОVID-19 дар Тоҷикистон
Май 02
11:08 2020

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали пайдоиши бемории сироятии COVID – 19 дар музофоти Вуҳани Ҷумҳурии Мардумии Хитой ва паҳншавии он дар саросари ҷаҳон чораҳои саривақтиро роҳандозӣ намуд. Ҳанўз 23 январи соли 2020 дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии интиқоли бемории коронавирус ба ҷумҳурӣ ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида, он ба тамоми муасисаҳои табобатию профилактикии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ирсол гардид.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал бо тасмимоти таъҷиливу муассир оид ба чораҳои пешгирии сирояти коронавирус ба аҳолии кишвар назорати шабонарӯзии ташхису табобатро аз сирояти эҳтимолии ин беморӣ роҳандозӣ намуд. Натиҷаи чунин чораандешиҳои саривақтӣ ва пурзӯр намудани ташхису назорат буд, ки тӯли беш аз се моҳ, аз оғози ба қайд гирифтани аввалин ҳодисаҳои пайдоиши коронавирус дар Ҷумҳурии халқии Хитой дар мамлакат ягон ҳодисаи мубталоӣ ба пандемияи COVID – 19 ба қайд гирифта нашуда буд.

Аммо, мутаассифона, 29-уми апрели соли 2020 дар кишвар 15 ҳодисаи бемории сироятии коронавируси навъи CОVID-19, аз ҷумла дар вилояти Суғд 10 ҳодиса ва дар шаҳри Душанбе 5 ҳодиса ба қайд гирифта шуд.

То имрӯз, 2 майи соли равон дар  кишвар 32 ҳодисаи тасдиқшудаи бемории сироятии коронавируси нави CОVID-19, аз ҷумла дар 17 ҳодиса дар шаҳри Душанбе, 5 ҳодиса  дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 10 ҳодиса дар вилояти Суғд  ба қайд гирифта шуд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки ҳатто кишварҳои абарқудрати олам натавонистанд   пеши роҳи гирифторшавии шаҳрвандони хешро аз ин сироят бигиранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир  ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Дар ин  лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя  намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 973
  • 1,242
  • 949,993