Табиб – қаҳрамони замони мо

Табиб – қаҳрамони замони мо
Май 04
14:32 2020

Вобаста ба паҳншавии коронавирус айни замон кишварҳои ҷаҳон марҳилаи бисёр мушкилро аз сар мегузаронанд. Тоҷикистон низ истисно нест ва мутаассифона, имрӯз вируси нав шумораи муайяни ҳамватанони моро ҳам сироят карда, хатари он торафт бештар эҳсос мегардад.

Ҳукумат тамоми чораҳои имконпазирро ҷиҳати ҳифзи саломатии мардум ва бартараф кардани паёмадҳои иқтисодию иҷтимоии он меандешад. Чунин ба назар мерасад, ки дар ин давраи ниҳоят мушкил ҳамаи қишрҳои ҷомеа муттаҳид гардида, саҳми худро дар мубориза бо коронавирус мегузоранд. Ҳар касе ба қадри имкон кореро дар ин росто анҷом медиҳад, масалан, як нафар ба муҳтоҷон кӯмаки молиявӣ мерасонад, як нафари дигар корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарад ва саввумӣ фаъолияти рӯзмарраи худро софдилона ичро менамояд.

Аммо имрӯз қаҳрамонҳои набарди мубориза бо коронавирус,  бешубҳа табибонанд. Маҳз духтурону ҳамшираҳои шафқатанд, ки  дар сафи пеши муқовимат бо ин вабои аср қарор дошта, бо зоҳир кардани ҷасорату далерии беназир барои наҷот додани ҷони инсонҳо талош меварзанд. Имрӯз дар беморхонаҳои Тоҷикистон садҳо духтурон мушкилоти шахсии худро як тараф гузошта, бо бедорхобӣ кашиданҳо ва аз худ гузаштанҳо маризонро муолиҷа мекунанд ва наҷот медиҳанд.

Табибон медонанд, ки худашон ҳар лаҳза аз ин вирус метавонанд сироят ёбанд. Ва тибқи хабарҳои расида, як қисми онҳо сироят ҳам ёфтаанд. Аммо ба чунин вазъият нигоҳ накарда, ҷони худро дар хатар мегузоранд ва бо коронавирус даст ба гиребон мешаванд. Кӯшиши табибон ба он равона гардидааст, ки ҳар қадаре метавонанд беморонро шифо бахшанд.

Онҳо хуб медонанд, ки дар шароити ҳозира ҳифзи саломатии мардуми кишвар асосан аз онҳо вобастагӣ дорад ва ҳар лаҳза барои наҷоти беморон ғанимат аст. Хуб дарк мекунанд, ки шахсони мубталои коронавирус дар беморхонаҳо ба ғайр аз табибон каси дигаре надоранд ва умедаашон танҳо ба онҳост. Барои ҳамин фурсатро аз даст надода, шабонарӯзӣ меҳнат мекунанд ва ҳамеша дар талоши онанд, ки кӯмаки худро ба ҳамаи беморон расонда тавонанд. Аз сиҳат шудану ба пой хестани ҳар як мариз шод мегарданд ва  рӯҳу илҳоми тоза  мегиранд.  Барои сиҳатёбии ҳар як бемор духтурон на танҳо дорую дармон, балки муҳаббату самимият ва сухани неки худро ҳам дареғ намедоранд.

Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки барои табибон ҳам мубориза бо коронавирус воқеан мушкил аст. Зеро ин вирус нав буда, то ҳануз маълумоти дар бораи он мавҷудбуда аниқ нест. Ваксина ва доруҳои аз коронавирус табобаткунанда низ вуҷуд надоранд. Дар чунин ҳолати номуайянӣ фаъолият доштан ва одамонро муолиҷа кардан албатта кори осон нест.

Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри меҳнату заҳмати табибон расида, аз ҳар ҷиҳат онҳоро дастгирӣ намоем. Боиси хурсандист, ки Сарвари давлат бо судури як амри худ барои табибоне, ки барои ташхис ва муолиҷаи беморони аз коронавирус сироятёфта сафарбар гардидаанд, маоши иловагӣ таъйин намуданд. Ҳукумат чораҳои дигареро ҳам барои дастгирии онҳо меандешад.   Вобаста ба ин, мо сокинони кишвар ҳам бояд ташаббусҳои роҳбарияти кишварро дастгирӣ карда, табибонро ҳарчи зиёдтар ташвиқ намоем.

Ҳар давру замон қаҳрамонҳои худро дорад. Имрӯз табибон хислатҳои беҳтарини инсонӣ ва касбӣ, аз қабили худгузарӣ ва сарсупурдагиро  нишон медиҳанд.  Табибон ба қасами худ устувор монда, то лаҳзаи охирин барои табобати беморон талош мекунанд. Аз вируси хатарнок ҳарос надоранд, бо шуҷоату далерӣ онро маҳв мекунанд ва аҳли башарро  наҷот медиҳанд.

 Ардамеҳр Ашуров,

ходими калони илмии АМИ ҶТ 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 719
  • 1,242
  • 949,739