ТИКА ба оилаҳои ниёзманд кӯмак кард

ТИКА ба оилаҳои  ниёзманд кӯмак кард
Май 06
14:42 2020

Давоми солҳои охир дар мамлакат кӯмак ба ашхоси ниёзманд, аз қабили маъюбон, пирону барҷомондагон ба ҳукми анъана даромада, табақаҳои эҳтиёҷманди ҷомеа ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти давлат ва Ҳукумати кишвар қарор доранд.

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлат ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, Агентии  давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  дар ҳамкорӣ бо Агентии туркӣ оид ба  ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) иқдом гирифт, ки дар моҳи Шарифи Рамазон ба 1000 оила ва шаҳрвандони камбизоати мамлакат  маводҳои хурока ва гигенӣ кӯмак намояд.

Имрӯз, 6 майи соли равон  дар маросими супоридани кӯмакҳо ба оилаҳои камбизоат Роҳбарияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагони Агентии туркӣ оид ба  ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) иштирок намуда, бастаҳои гигиенаи фардӣ ва озуқавориро ба чанд нафар ашхоси ниёзманд  тақдим намуданд.

Дар доираи ин иқдом 250 оила аз шаҳри Ҳисор, 250 оила аз ноҳияи Рӯдакӣ, 150 оила аз ноҳияи Файзобод, 150 оила аз ноҳияи  Варзоб, инчунин 50  нафар иштирокчиёни ҶБВ ва ҷанговарони башардӯст аз кӯмакҳои мазкур бархурдор хоҳанд гашт.

Давоми ҳафтаи ҷорӣ ин кӯмакҳо ба оилаҳои ниёзманди ноҳияҳои болозикр дастрас хоҳанд шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 966
  • 1,242
  • 949,986