То 1-майи соли равон аз ҷониби якчанд созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва вазоратҳои кишвар ҷиҳати пешгирии сирояти коронавируси нави Covid – 19 ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд номгӯи маводҳои муҳофизатӣ, безараргардонӣ, ташхисӣ ва омӯзишӣ дастрас карда шуд.
Аз ҷумла, аз ҷониби Фонди Оғо Хон 2 номгўи маводҳои ҳифзкунанда, Ҷамъияти «Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон» маҷмўи маводҳои гигиенӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) 11 номгӯи дастгоҳ ва маводҳои ҳифзкунанда ва 12 номгӯи маводҳои муҳофизатӣ ва безараргардонӣ, Ташкилоти табибони бидуни марз (MSF) 11 номгӯи маводҳои ҳифзкунанда, Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) 13 номгӯи таҷҳизот, маводҳои муҳофизатӣ ва ташхисӣ, Ташкилотҳои WHO/USAID 10 номгӯи маводҳои муҳофизатӣ, Федератсияи Россия 230 тест-системаҳо оиди 23000 ташхиси каранавирус, Ҷумҳурии Мардумии Чин 5 номгӯи дастгоҳи термометри фосилавӣ ва маводҳои муҳофизатӣ, Ҷумҳурии Ӯзбекистон 6 номгӯи маводҳои муҳофизатӣ ва безараргардонӣ, ҶДММ“Салини Инпрегило” 7 номгӯи маводҳои муҳофизатӣ ва безараргардонӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) 18 номгӯи маводҳои муҳофизатӣ ва безараргардонӣ, Хазинаи аҳолии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИФПА) 8 номгӯи таҷҳизотҳои тиббӣ ва маводҳои муҳофизатию гигиенӣ, Намояндагии ОБСЕ дар Тоҷикистон 8 номгӯи таҷҳизотҳои тиббӣ ва маводҳои муҳофизатию гигиенӣ, Ҷумҳурии Ӯзбекистон 10 дастгоҳи нафасдиҳӣ ва тести озмоишӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 номгӯи маводҳои муҳофизатӣ ва безараргардонӣ, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 номгӯи маводҳои муҳофизатӣ, дастгоҳи термометри фосилавӣ ва термовизор, ҷамъ 98 намуди мавод ва таҷҳизоти тиббӣ ҷудо карда шудааст.
Мавод ва таҷҳизотҳои мазкур дар анбори махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳдорӣ шуда, ба муассисаҳои тандурустӣ тақсим карда мешаванд.