Ситод: табобати беморони коронавирус баррасӣ гардид

Ситод: табобати беморони коронавирус баррасӣ гардид
Май 09
14:56 2020

Таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷаласаи навбатии ситоди вазорат оид ба пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 баргузор гардид, ки дар он муовинони вазир Саида Умарзода, Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, сардорони як қатор раёсат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ иштирок намуданд.

Нахуст оид ба ҳолати кунунии бемории коронавируси нави COVID-19  ва  вазъи муассисаҳои тандурустӣ ҷиҳати қабули беморон дар мамлакат Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд. Ӯ муфассал дар бораи раванди бистарикунонии беморон, таъминоти табибон бо либоси муҳофизатӣ ва беморон бо доруворӣ ва мушкилиҳои дар ин самт мавҷудбуда сухан ронд. Ҳамчунин, Шодихон Ҷамшед изҳор намуд, ки табобати беморон дар хона пурра зери назорат гирифта шавад. Барои ин кор табибони оилавӣ бояд пурра сафарбар карда шуда, назоратро дар ин самт раёсати тандурустии шаҳри Душанбе пурзӯр намояд ва омори дар хона табобатшудагон низ ба вазорат пешниҳод карда шавад.

Дар бораи нархномаи томографияи компютерӣ (КТ), рентген, арзиши доруворӣ Шодихон Ҷамшед андешаҳояшро баён дошта, изҳор намуд, ки нархи онҳо ба танзим дароварда, назорат карда шавад.

Ҳамчунин, қайд гардид, ки айни замон бо ибтикори бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе беморхонаҳои муваққатии иловагӣ барои бистарӣ намудани гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 омода карда шудаанд.

Дар идомаи ҷаласа ҳамзамон масъалаҳои нарасидани кадрҳои баландихтисос, омода намудани муассисаҳои ғайритиббӣ, таъсиси  махзани ягонаи кадрҳои тиббӣ, имтиёз ба духтурони фавтида ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 960
  • 1,242
  • 949,980