Хатлон: Ба табибон маводи озуқа дасрас гардида, кӯмакпулӣ дода мешавад

Хатлон: Ба табибон маводи озуқа дасрас гардида, кӯмакпулӣ дода мешавад
Май 11
07:23 2020

Дар вилояти Хатлон барои духтурони маълумоти олидор 500 сомонӣ, кормандони миёнаи тиббӣ 400 сомонӣ ва ҳайати хизматрасони муассисаҳои тиббӣ ба андозаи 300 сомонӣ кӯмакпулӣ дода мешавад.

Дар ин бора Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон  иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, тибқи дастури Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба 300 нафар табибон, кормандони миёнаи тиб, ҳайати хизматрасон ва онҳое, ки ба маъракаи мубориза алайҳи пандемияи COVID-19 дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ҷалб гардидаанд, маводи озуқа дастрас карда шуд.

Ин кӯмакҳо бо мақсади дастгирии иҷтимоии кормандони соҳаи тиб, ки дар беморхонаҳои барои муолиҷаи беморони сироятии коронавирус ва илтиҳоби шуш муайяншуда заҳмат мекашанд, нигаронида шудааст.

Раиси вилоят бо изҳори сипос аз фаъолияти табибоне, ки софдилона баҳри ҳифзи сиҳатии аҳолӣ меҳнат мекунанд, таъкид намуд, ки бинобар афзоиш ёфтани ҳаҷми кори табибон, кормандони миёнаи тиб ва ҳайати хизматрасони муассисаҳои тандурустӣ, зарурати таъмини шароити арзандаи фаъолият, дастгирии иҷтимоӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо ба миён омадааст. Таваҷҷуҳи махсус ба фаъолияти кормандони соҳаи тиб, қадрдонӣ намудани меҳнати шабонарӯзии онҳо муҳим мебошад. Бинобар ин, ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дастур дода шуд, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ҷиҳати саривақт ва дар навбати аввал гирифтани маоши моҳона, инчунин кумакпулиҳои иловагӣ ва дигар навъҳои дастгирии кормандони соҳаи тиб фавран тадбирандешӣ намоянд.

Ҳамчунин, чунин кӯмаки ғизоӣ, ки аз орд, биринҷ, равған, картошка, пиёз иборат буд, ба сад нафар табибону ҳамшираҳои шафқати Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар дастрас гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои чорабиниҳои пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории короновирус COVID-19 аз ҳисоби маблағҳои харҷномавӣ, маблағҳои махсус, бақияи озод ва даромади барзиёдатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 5 миллиону 358 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 970
  • 1,242
  • 949,990