COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия беш аз 200 ҳазор нафар гардид

COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар Россия беш аз 200 ҳазор нафар гардид
Май 11
07:55 2020

Ба ҳолати соати 9:30 11 май дар саросари ҷаҳон шумораи гирифторони коронавируси COVID-19 ба 4 миллиону 181 ҳазору 21 нафар расида, аз онҳо 1 миллиону 493 ҳазору 401 кас шифо ёфтаанд ва 283 ҳазору 868 тан фавтидаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (1 367 638 нафар), Испания (264 663), Италия (219 183), Британияи Кабир (219 070), Россия (209 688), Франсия (176 970), Германия (171 879), Бразилия (162 699), Туркия (138 657) ва Эрон (107 603) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар беморон дар ИМА (256 336 нафар), Испания (176 439), Германия (145 600), Италия (105 186), Туркия (92 691), Эрон (86 143), Чин (78 144), Бразилия (64 957), Франсия (56 217) ва Россия (34 306) шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (80 787 нафар), Британияи Кабир (31 855), Италия (30 560), Испания (26 621), Франсия (26 380), Бразилия (11 123), Белгия (8 656), Германия (7 569), Эрон (6 640) ва Нидерланд (5 440) шомил мебошанд.

11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда,  имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 732
  • 1,242
  • 949,752