Раиси вилояти Суғд ба беморхонаи шаҳри Конибодом маводҳои тиббӣ дастрас намуд

Раиси вилояти Суғд ба беморхонаи шаҳри Конибодом маводҳои тиббӣ дастрас намуд
Май 11
16:15 2020

Аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба беморхонаи марказии шаҳри Конибодом корҷомаҳои муҳофизатӣ, маводҳои антисептикӣ ва маводи доруворӣ барои муолиҷаи беморон дастрас карда шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, 10 май дар шаҳри Конибодом Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо табибон ва ҳамшираҳои шафқати беморхонаи марказии шаҳр мулоқот намуда, аз шароити кори духтурон, таъминот бо доруворӣ, маводҳои антисептикӣ ва либосу таҷҳизоти муҳофизатӣ пурсон шуд.

Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар беморхонаи марказ шаҳри Конибодом 11 нафар бо бемораи коронавирус ва илтиҳоби шуш бистарӣ карда шудаанд. Барои муолиҷаи беморон дорувории зарурӣ мавҷуд буда, духтурон бо либосҳои фаврии якчандкарата ва махсус таъмин ҳастанд. Ҳамчунин онҳо бо шароити зарурии буду бош ва се маҳал хӯроки серғизо таъмин мебошанд.

Раиси вилоят дастур дод, ки роҳбарияти шаҳр табибонро ҳавасманд ва дастгирӣ карда, барои пешгирӣ аз паҳншавии Covid- 19 дар байни аҳолӣ корҳои ташвиқотӣ ва пешгирикунанда мунтазам бурда шаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 12
  • 735
  • 1,242
  • 949,755