Имрӯз, 12 майи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Ҳанс Ҳенри Клюге, директори минтақавии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои пешгирӣ ва табобати гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19-ро дар мамлакат мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар навбати худ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иброз намуд, ки айни замон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирӣ ва табобати гирифторони ин беморӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Ҳанс Ҳенри Клюге, директори минтақавии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо иброз дошт, ки ин ташкилот омодааст мутахассисони зудамалро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намояд.
Ҳамзамон, номбурда пешниҳод намуд, ки бояд ташхисгоҳҳои сайёри мобилӣ ҷиҳати гузаронидани аҳолӣ аз ташхисҳои тестӣ ба роҳ монда шавад.
Дар идомаи суҳбат вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва бо Ҳанс Ҳенри Клюге, директори минтақавии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо оид ба дигар масъалаҳои соҳаи тандурустӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷоми суҳбат ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҳавасмандии хешро иброз доштанд.