Дастгирии табибон дар Хатлон

Дастгирии табибон дар Хатлон
Май 12
13:37 2020

Дар шароите, ки табибони тоҷик бо вабои аср COVID – 19 панҷа нарм мекунанд ва ба хотири наҷоти дигарон ҷони худро зери хатар мегузоранд, аз ҳама бештар ба дастгирию кумак ниёз доранд.  Ва ин муҳимияти масъаларо мақомдорону саховатмандони Хатлон низ ба хуби дарк кардаанд.

Аз ин ҷост, ки роҳбарияти вилояти Хатлон ба хулосае омад, ки барои ин муборизони хатти аввал диққати ҷиддӣ бидиҳанд.

Қадами аввале, ки гузошта шуд раиси вилояти Хатлон ба имзо расондани як қароре дар бораи ҷудо кардани кумакпулӣ барои кормандони соҳаи тандурустӣ буд.

Раиси вилоят бо имзои ин қарор барои духтурони маълумоти олидор дар ҳаҷми 500 сомонӣ, кормандони миёнаи тиббӣ 400 сомонӣ ва кормандони техникӣ 300 сомонӣ пешбини карда шудааст. Ҳамчунин ба раисони шаҳру ноҳияҳо Сарраёсат ва Раёсатҳои молияи вилоят дастур дод, ки дар мади аввал пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ ва кумакпулии онҳоро гузоранд. Ин кумакпулиҳо дар қиёс бо дигар кишварҳо камам бошад, вале ин ҳам як метавонад руҳияи ин табибонро баланд бардорад ва онҳо дарк хоҳанд кад, ки ҳукумат дар фикри эшон ҳаст.

Қадами дуюм, ки роҳбарияти вилоят дар самти дастгирии табибон гузошт ин кумаки 300 нафар кормандони соҳа бо маводи ғизоӣ дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон буд.

Бино ба иттиллое, ки маркази матбуотии раиси вилояти Хаатлон паҳн кард бо дастури раиси вилояти Хатлон ба 300 нафар табибоне, ки дар мубориза бо  COVID – 19 дар маркази вилояти шаҳри Бохтар ва шаҳри Кӯлоб истодаанд, маводҳои ғизои аз қабили орд, равғон, биринҷ, пиёз, сабзӣ тақсим карда шудааст.

Дар ин замина низ ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят низ дастур шудааст, ки ин иқдомро дар шаҳру ноҳияҳои худ идома бидиҳанд.

Соҳибкорон низ ба маъракаи хайр пайвастанд

Бояд гукфт, ки соҳибкорони хатлонӣ ҳанӯз аз давраи ба ватан баргаштани ҳамватанони мо аз кишварҳои хориҷи ба кӯмаки табибон иқдом карда буданд. Вақте беш аз 300 нафар шаҳрвандони мо аз Маскав тариқи Фурудгоҳи байналминалии Кӯлоб ба ватан баргаштанду лнҳоро дар беморхонаи клиникии вилояти ба номи Бури Воҳидовӣ шаҳри Бохтар таҳти карантин қарор доданд, оилаҳои Соҳимбовҳо давоми 21 рӯз таъмини се вақт хуроки бо шумури табибон беш аз 400 нафарро ба уҳдаи худ гирифтанд.

Ба гуфти сардухтури беморхонаи номбурда Алихон Нурализода оилаи соҳибовҳо дар баробари таъмини се вақт хуроки гарм барои муҳоҷирони таҳти карантин қарор дошта либосҳои тагпуш, маводҳои гигиенаи шахсӣ, барои кӯдакон орибча, косаю қошуқ ва дигар лавозимоти зарурию антисептикҳо тӯҳфа карда шуд. Ғайр аз ин Соҳибкорони дигар аз қабили оилаи Файзулозодаҳо низ ба беморхона маводҳои хурока дастрас карда шуд.

Бояд гуфт, ки Нусрат Файзуллоев яке аз соҳибкорони мувафақи вилоят барои муассисаҳои тандурустии маркази вилоят 100 ҳазор ниқобҳои тиббӣ тақдим кард, ки дар шароити мубориза бо ин вабои аср барои табибон мисли боду ҳаво зарур буд.

Ҳамчунин оилаи Соҳибовҳо рӯзҳои охир тасмим гирифт, ки ба соҳаи тандурустӣ кумаки ҷиддитареро расонад. Инаст, ки бо иқдоми Шамсулло Соҳибов рӯзи 9 – май 25 боркаш бо маводҳои тиббӣ, доруворӣ, маводҳои антисептикӣ, хлор, либосҳои муҳофизатӣ, дастпушак, ниқоб ва хилъат ба муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон расонида шуд.

Ба иттиллои маркази матбуотии раиси вилояти Хатлон ин кӯмакҳо ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дастрас карда шуд.

Аксияҳо

Дар ҳамин ҳол сардори ШВКД дар шаҳри Бохтар Набиҷон Исозода ба ин кор хайр ҳамроҳ шуда ба 17 нафар духтурон, ҳамшираҳо ва кормандони техникии шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бури Воҳидов дар шаҳри Бохтар дасти кумак дароз кард. Ин мақомдори давлати ба табибону корнмандони ин шуъба орд, равған, биринҷ ва дигар маводҳои ғизоиро тақдим кард. Мувофиқи маълумоте, ки ба дасти мо расид аз сабабе, ки кормандони шуъбаи сироятӣ имкони аз беморхона берун рафтан надоранд ин кумакҳоро Набиҷон Исозода ба хонаҳои онҳо расонидааст.

Худовандро дуо мекунем, ки сафи чунин соҳибкорону мақомдоронеро, ки имкони молии хуб доранд дар ин рӯзҳои тақдир соз дастбахайр мешаванд, бештар гардонад.

Сайраҳмон Назриев

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 955
  • 1,242
  • 949,975