Саҳми табибон дар мубориза бо коронавирус

Саҳми табибон дар мубориза бо коронавирус
Май 13
08:36 2020

Мусаллам аст, ки ҳар як касбу пешаи интихобнамудаи инсонҳо барои пешбурди зиндагӣ ва роҳатрасонии ҳамагон пешбинӣ шудааст. Дар ин росто касбу пешаи табибӣ нисбати дигар касбҳо дорои афзалият ва бартариятҳои вижае мебошад. Зеро касби табибон дар баробари хавфу хатар ва таҳдидҳои зиёди сироятӣ доштан, ба рӯҳу равон ва ҷисми нотавони инсони бемор дубора ҷон мебахшад. Ин аст, ки табибон ҳар рӯз ба хотири дубора ҷон бахшидан ба ҷисми нимҷони бемор бо марг дасту панҷа мезананд ва саъйю кӯшиш мекунанд, ки садди роҳи марг шаванд. Табибон шабеҳи фасли баҳор ҳастанд, ки бо ҳузури худ дар сари болини бемор ба ҷисму ҷони беҳаракат дубора рӯҳу равони тоза мебахшанд. Ҳамон тавре ки фасли баҳор бо омадани худ гулу гиёҳ ва дарахтони аз сармои қаҳратуни зимистон шахшударо ба ҳаракат дароварда, дубора зинда мекунад. Яъне фасли баҳор агар барои табиатро дубора зинда кардан хизмат кунад, табибон бошанд, бо қудрату тавоноии худ инсонҳоро табобат мекунанд.

Айни замон табибон дар шароити вазнин ва ҳассос қарор доранд. Раванди паҳншавии вабои коронавирус дар саросари ҷаҳон ва набуди ваксина кори табибонро то андозае мушкил намудааст. Ба замми ин, аз замони пайдоиши вабо то имрӯз фурсати каме гузаштааст ва дар ин фурсати кам барои олимону мутахассисони соҳаи вирусшиносӣ имкони ҳамаҷониба таҳқиқу баррасӣ намудани мушкилоти вабо ғайриимкон аст. Бо вуҷуди ин, табибон дар самти мубориза бар зидди вабои аср ҷаҳду талош варзида, ба мубталоёни вабо кӯмакҳои аввалиндараҷаи худро дареғ намедоранд. Ростӣ, тавре ки аз омори ҳаррӯзаи гирифторону табобатёфтагон ва фавтидагон дар ҷаҳон бармеояд, дар баробари паҳншавии вабои аср дар ҷаҳон шумораи табобатёфтагон рӯз аз рӯз афзоиш ёфта, ҳамзамон шумораи фавтидагон кам шуда истодааст. Омори мазкур баёнгари он аст, ки дар самти пешгирӣ ва табобат хидмати табибон назаррас ва шоёни таҳсину офарин мебошад.

Дуруст аст, ки то пайдоиши ваксина ва ҳамаҷониба таҳқиқу баррасӣ гардидани вабо аз ҷониби олимону мутахассисон фурсати муайянеро талаб мекунад. Вале, бо вуҷуди ин, ҷои нигаронӣ нест. Чунки табибон бо кӯшишу заҳмат ва ҷаҳду талошҳои пайвастаи худ рӯз аз рӯз шумораи шифоёфтагонро афзоиш дода, шумораи фавтидагонро кам карда истодаанд. Бо вуҷуди он ки имрӯзҳо табибон рӯзҳои сахту вазнинро сипарӣ доранд, вале содиқона ба ихтисоси худ хидмат намуда, дар бартараф намудани вабои аср саҳми боризи худро гузошта истодаанд. Мутмаинем, ки ин беморӣ бо ҷаҳду талош ва кӯшишу заҳматҳои пайвастаи табибон ба зудӣ бартараф мегардад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мисли солҳои қаблӣ орому осоишта ба маҷрои зиндагии худ идома медиҳанд.

 Шуҳрат Шамсуддинов,

 ходими калони илмии АМИ ҶТ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 951
  • 1,242
  • 949,971