Имрӯз, 13 майи соли равон соати 17:30 дақиқа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбарони беморхонаҳои шаҳри Бохтари вилояти Хатлон гуфтугӯи онлайнӣ анҷом дод.
Ҳадаф аз баргузории ин гуфтугӯи онлайнӣ огоҳӣ пайдо намудани вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазъи кунунии беморхонаҳои шаҳри Бохтар мебошад.
Зимни суҳбат роҳбарони беморхонаҳои шаҳри Бохтар вобаста ба фаъолияти кунунии муассисаҳои хеш ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода маълумот доданд.
Дар анҷоми суҳбат ҷиҳати бартараф намудани камбудиву мушкилотҳои мавҷуда вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳри Бохтар дастуру супоришҳои мушаххас дод.