Май 17
11:03
2020
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ бинои беморхонаи ҷамоати деҳоти Турдиев пурра аз таъмири асосӣ бароварда ва бо шароити зарурӣ таъмин карда шуд. Он аз се шӯъба ва 20 кат иборат буда, ба 11 ҳазор аҳолии деҳа хизмат мерасонад.
Чунин корҳои навсозӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар беморхонаи ҷамоати деҳоти “Даштигуло”-и ноҳия низ анҷом дода шудааст.
Инчунин, аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа ва пешгирии хуруҷи вируси нави Ковид-19 ба муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 70 ҳазор сомонӣ маводи доруворӣ расонида шудааст.