Боздиди Шодихон Ҷамшед аз Беморхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Боздиди Шодихон Ҷамшед аз Беморхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Май 18
07:00 2020

Гаштҳои шабона ва рӯзонаи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоии бевосита бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад.

Шаби 17 майи соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сафар намуда, бо фаъолияти Беморхонаи марказӣ ва дигар муассисаҳои тандурустии  ноҳияи мазкур бевосита шинос шуд.

Дар Беморхонаи марказии ноҳияи мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед бо табибон вохӯрӣ анҷом дода,  дар рафти он масъалаҳои пурзӯр намудани корҳои омодагӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавируси нави КОВИД-19, таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо маводҳои тиббӣ ва зиддивирусӣ, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ бо мақсади пешгирии вируси мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз сафарҳои масъулони вазорат аз наздик ошно шудан бо фаъолияти табибон ва ҷараёни табобати беморони гирифтори сирояти коронавирус дар муассисаҳои тандурустӣ, саривақт фаро гирифтани онҳо ба табобати хонагӣ, таъмини беморон бо доруворӣ ва бемористонҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, таъмини табибон бо либосҳои муҳофизатӣ, ошкор намудани камбудиҳои муассисаҳо, мушкилоти табибон ва саривақт ба онҳо расидагӣ кардан мебошанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 1,136
  • 1,242
  • 950,156