ТАРҶЕҲ БА ИСТЕҲСОЛОТИ ВАТАНӢ! Корхонаҳои Тоҷикистон даҳҳо тонна собун, хлор ва маҳлулҳои антисептикӣ истеҳсол намуданд

ТАРҶЕҲ БА ИСТЕҲСОЛОТИ ВАТАНӢ! Корхонаҳои Тоҷикистон даҳҳо тонна собун, хлор ва маҳлулҳои антисептикӣ истеҳсол намуданд
Май 18
12:35 2020

Корхонаҳои итсеҳсолии Тоҷикистон вобаста ба  вазъи баамаломадаи пандемияи COVID-19 беш аз 200 ҳазор кг моеъҳои шӯянда, 150 ҳазор литр маҳлули антисептикӣ, 105 тонна собуни мушкин, 55 тонна хлор ва 60 тонна гипохлориди натрий истеҳсол намудаанд. Дар ин бора Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар корхонаҳои «Сатурн-1», «Баҳор Косметик Групп», «Покофар» -и Душанбе, «Мирзошехова» -ноҳияи Б. Ғафуров, «Давои Сино» -и шаҳри Хуҷанд, «Фарм Суғд» -и шаҳри Бӯстон ва «Тоҷикхимпром» -и ноҳияи Ёвон истеҳсоли моеъҳои шӯянда, маҳлулҳои антисептикӣ, собуни мушкин, хокаи хлор ва гипохлориди натрий ҷиҳати пешгирӣ намудани бемории сироятии  «COVID-19» тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ситоди ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудааст.

Корхонаҳои саноатӣ дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки барои таъмини аҳолии ҷумҳурӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маводи безараргардонӣ саҳм гузоранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 959
  • 1,242
  • 949,979