Муассисаҳои тандурустии мамлакат бо маводҳои тиббӣ таъмин мешаванд (АКС)

Муассисаҳои тандурустии мамлакат бо маводҳои  тиббӣ таъмин мешаванд (АКС)
Май 18
17:37 2020

Бо мақсади пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории коронавируси нави КОВИД-19 аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои алоҳида ба Ҷумҳурии Тоҷикистон молу мавод ва  таҷҳизоти тиббӣ ҳамчун кӯмаки башардӯстона  ворид гардида истодааст.

Молу мавод  ва таҷҳизоти тиббии мазкур дар анборҳои махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаҳдорӣ шуда, тибқи талабот ба муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар дастрас карда мешаванд.

Аз ҷумла имрӯз, 18 май ба як қатор беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар маводҳои тиббӣ тақсим карда шуд.

Бояд гуфт, ки айни замон масъалаи тақсимоти маводҳои тиббӣ ба муассисаҳои тандурустӣ зери назорати бевоситаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Ҳамзамон, бо ин мақсад ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шудааст, ки назорати тақсимоти маводҳои дорувориро ба муассисаҳои тандурустӣ зери назорати қатъӣ қарор бидиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 957
  • 1,242
  • 949,977