Корхонаҳои ангишти мамлакат дар мубориза бо COVID-19 саҳм гузоштанд

Корхонаҳои ангишти мамлакат дар мубориза бо COVID-19 саҳм гузоштанд
Май 19
14:09 2020

Корхонаҳои саноати ангишти Тоҷикистон ба суратҳисоби махсуси Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар маҷмуъ 172,0 ҳазор сомонӣ гузарониданд. Ин ташаббуси корхонаҳои саноати ангишти мамлакат бо пайравӣ аз иқдоми башардӯстона ва инсонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст.

Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ба суартҳисоби махсус корхонаҳои ангишти «Шахтаи Фон-Яғноб» -150 ҳазор сомонӣ, «Ангишти Камароб»- 2 ҳазор сомонӣ, корхонаи «Ангишт»  ва «Комбинати металлургии тоҷик» 10 ҳазор сомонӣ маблағ гузарониданд. Ҳамзамон аз ҷониби корхонаи ангишти «Шахтаи Фон –Яғноб» 2 адад таҷҳизоти нафаскашӣ (ИВЛ) ба маблағи 28 ҳазор сомонӣ харидорӣ гардида, ба беморхонаи ноҳияи Айнӣ супорида шуд.

Бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда корхонаҳои саноати ангишти ҷумҳурӣ дар оянда низ кумакҳои беғаразонаи худро барои беҳтар гардидани вазъи эпидемиологӣ, пешгирӣ ва кам кардани хавфҳои эҳтимолӣ аз ин вабои аср дареғ надошта, сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 997
  • 1,242
  • 950,017