Суғд: корҳои тамизкунӣ пурзӯр карда шудаанд

Суғд: корҳои тамизкунӣ пурзӯр карда шудаанд
Май 19
14:14 2020

Имрӯзҳо ба хотири пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус, таъмини солимии сокинон ва беҳбуд бахшидан ба фазои экологӣ дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд корҳои тамизгардонӣ пурзӯр гардонида шудаанд.

Ин тадбирҳо то анҷом ёфтани паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар тамоми шаҳр идома хоҳанд ёфт.

Корҳои безараргардонӣ асосан шабона бо ҷалби кормандони воҳидҳои махсуси хадамоти оташнишонӣ, шуъбаи Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳр, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва дигар сохторҳои шаҳрӣ бо сафарбаркунии мошинҳои махсус ва дастгоҳҳои безараргардонӣ нахуст дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон, кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои фароғатӣ, истгоҳҳои нақлиётӣ, бозорҳо, хосатан, дар ҳудуди кўчаҳои Исмоили Сомонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Гагарин, Сирдарё, Раҳим Ҷалил, Рифъат Ҳоҷиев, Аминҷон Расулов, Шарқ, Фирдавсӣ, Саидвалиев, Истиқлол ва якчанд микроноҳияҳо роҳандозӣ гардиданд.

Ҳамарӯза дар маҳаллаҳову корхона ва муассисаҳои ҳудуди шаҳр бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни  шаҳрвандон ба роҳ монда мешаванд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамзамон шаҳрвандонро даъват мекунад, ки бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус талаботи қоидаҳои беҳдоштиро пурра риоя намоянд,     худ ва атрофиёнро эҳтиёт намуда, бе зарурат ба кӯча набароянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,075
  • 1,242
  • 950,095