Ширин Назирмадова, як пизишки 60-солаи Беморхонаи марказии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бо маблағе, ки барои нияти сафари ҳаҷ ҷамъ карда буд, аммо густариши коронавируси нави КОВИД-19 дар ҷаҳон ва баста будани роҳҳо монеааш шуд, барои ҳамкоронаш дар беморхонаи мазкур ниқоб ва маводҳои дигари тиббӣ харидорӣ намудааст.
Бино ба гузориши Радиои Озодӣ, ба ҷуз аз сарфи маблағҳои ҷамъовардааш, хонум Назирмадова дар сафи пеши мубориза бо бемории ҳамагир аст. Ӯ сарфи назар аз бузургсолӣ шабу рӯз дар бемористони марказии ноҳияи Фархор ба табобат машғул аст.
“Ширин Назирмадова вокуниши ҷомеаи Тоҷикистон, ба хусус мардуми оддиро дар мубориза ба бемории COVID-19 ғайримунтазира мехонад. Ӯ мегӯяд, сокинон дар пушти сангари мубориза бо коронавирус ва дастгирии бахши тандурустии кишвар муттаҳид шудаанд. Чизе, ки ба таъкиди ӯ табибонро дар шабу рӯзи сахт болидарӯҳ кардааст”,-омадааст дар гузориш.
“Бениҳоят рӯҳбаланд мекунад, ки ҳама дар фикри мо ҳастанд. Як илҳоми нав мебахшад, илҳоме мебахшад, ки мо натарсида, наҳаросида масъулияти худро ба ҷо орем,” – афзудааст Ширин Назирмадова.
Номбурда мегӯяд, ҳамарӯза аз сокинон кӯмакҳои зиёде мегиранд: “Аз ҳама ҷо равон мекунанд, новобаста аз он ки дар кадом гӯшаи ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ба мо ёрӣ расида истодааст. Мо ба ин ҷавонмардон бисёр миннатдорӣ мекунем.”