ДАСТ БА ДАСТИ ҲАМ ДИҲЕМ! Муроҷиатномаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба мардуми мамлакат дар робита ба пешгирӣ аз коронавируси COVID–19

ДАСТ БА ДАСТИ ҲАМ ДИҲЕМ! Муроҷиатномаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба мардуми мамлакат дар робита ба пешгирӣ аз коронавируси COVID–19
Май 20
09:36 2020

Имрӯз моро мебояд ба ҳар гуна овозаю ҳангомаҳо дар атрофи бемории коронавируси намуди нави COVID–19 бовар накарда, ба тарсу воҳима дода нашавем, зеро  воҳима ва таҳлукаю изтироб пайомадҳои манфии рӯҳию равонӣ дошта, сабаби авҷ гирифтани бемориҳои дигар мегарданд. Имрӯз хоинони миллат берун аз Ватан овозаҳои зиёди бардурӯғ паҳн менамоянд, ки мақсади онҳо на ғамхорӣ ба миллат, балки халал расондан ба кори давлат, воҳимаафканӣ  ва ноором намудани авзои ҷомеа мебошад.

Чунин омадааст дар Муроҷиатномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи мамлакат дар робита ба пешгирӣ аз коронавируси COVID–19.

Дар идомаи он гуфта шудааст:

Ҳамватанони азиз!

Дар ин рӯзҳои ҳассосу душвор ҳар як фарди солимақлу боинсоф бояд ба ҷои  иллатҷӯию суханҳои зишт  нисбат ба  Ватан ва ҳамватанони худ пайи ислоҳи нуқсонҳои ҷомеа бошад, барои фароҳам овардани фазои мусоид ва зиндагии шоиста, солимии ҷомеа ва пешгирии паҳншавии беморӣ саҳми арзанда гузорад.

Халқи тоҷик табиатан соҳиби хиради азалӣ ва фарҳанги ҷаҳонгир буда, дар тӯли таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи худ ба мушкилоти зиёде мувоҷеҳ гардида, фитрати азалии худро, ки бо сабру субот устувор аст, аз даст надода, дар баробари ҳама гуна маҳрумиятҳо мондагору пирӯз ва устувору побарҷо мондааст.

Мо имрӯз танҳо бо устуворию матонат ва иттиҳоду ҳамбастагӣ дар атрофи роҳбарияти мамлакат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонем ба ин беморӣ пирӯз гардем.

Бо арзи эҳтироми самимӣ аз шумо ҳамватанони азиз – мардуми шарифи Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки дар раванди мубориза бар зидди ин бемории сироятӣ даст ба дасти ҳам ниҳода, ҷиҳати пурзӯр намудани чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар ҷумҳурӣ ва пайравӣ ба иқдомҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат мусоидат намоед. Тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намоем.

Аз ин нуқтаи назар, чӣ қадаре масофаи байни одамон зиёд бошад, ҳамон қадар хатари мубтало гардидан ба вируси сироятии COVID–19 кам мегардад. Бо маҳдуд кардани робитаҳои иҷтимоӣ мо метавонем захираҳои муассисаҳои тиббиро барои беморони вазнини сироятёфта сарфа намоем.

Бояд мутмаин бошем, ки Худованд бо мост ва Пешвои муаззаму дардошнои мо чораҳои вогиру заруриро ҷиҳати пирӯзӣ ба ин вабои аср меандешанд ва дуогӯи сиҳатмандии ҳар як шаҳрванди Ватани азизамон мебошанд.

Аҳли фарҳанги мамлакат дар ин рӯзҳои ҳассос кӯшиш менамоянд, ки баҳри бартараф намудани ин вабои аср саҳм гузоранд.

Итминони комил дорем, ки ин рӯзҳои ҳассосу душворро бо сабру таҳаммул, якдиливу муттаҳидӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, меҳру муҳаббат ва дастгириву кумаки якдигар паси сар карда, давлати  азизамонро аз ин вабо раҳоӣ мебахшем.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 982
  • 1,242
  • 950,002