Дар минтақаҳои кишвар озмоишгоҳҳои махсус ҷиҳати муайян намудани бемории КОВИД-19 барқарор карда мешаванд

Дар минтақаҳои кишвар озмоишгоҳҳои махсус ҷиҳати муайян намудани бемории КОВИД-19 барқарор карда мешаванд
Май 20
10:26 2020

Тибқи супориши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва бо мақсади пешгирӣ, ташхис ва мубориза бо коронавируси нави COVID-19  шурӯъ аз имрӯз то 24 майи соли равон дар толори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Ҷумҳурии Тоҷикистон” даври омузишӣ ҷиҳати ташхиси коронавируси нав COVID-19 гузаронида мешавад.

Дар ҷаласа сармутахассиси вирусологии “Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Ҷумҳурии Тоҷикистон” профессор Тишкова Ф.М., муттахассиси озмоишии минтақавии USAID Байдуллоева З., мутахассисони соҳавӣ аз  шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар ва Хуҷанд иштирок хоҳанд.

Дар даври омӯзишӣ аз ҷониби сармутахассиси вирусологии “Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Ҷумҳурии Тоҷикистон” профессор  Тишкова Ф.М., ба ҳозирин вобаста ба ҳадафҳои асосии пешгирӣ, ташхис ва мубориза ба коронавируси нави COVID-19, инчунин, оид ба тарзи ташхис намудани бемории коронавируси нави COVID-19 маълумоти дода мешавад.

Ҳамзамон, дар ҷаласа аз ҷониби мутахассисони “Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза ва корҳои  таҷрибавӣ пешниҳод гардида, атрофи онҳо аз ҷониби иштирокчиён муҳокимаронҳои судманд сурат  хоҳанд гирифт.

Бояд қайд намуд, ки тайи рӯзҳои наздик дар шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар ва Хуҷанд озмоишгоҳҳои махсус ҷиҳати ташхис намудани мавҷудияти коронавируси нави COVID-19 барқарор карда мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 906
  • 1,242
  • 949,926