Имрӯз, 20 майи соли равон дар толори Маркази назорати давлатии санитарӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ҷаласаи кории Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе вобаста ба пурзӯр намудани чораҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории коронавируси нави КОВИД-19 дар муассисаҳои тандурустии пойтахт доир гардид, ки дар он роҳбарияти раёсати тандурустии шаҳр, сардорони як қатор раёсатҳои вазорат ва роҳбарони беморхонаҳои шаҳрӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа вазъи кунунии муассисаҳои тандурустии пойтахт ҷиҳати ба табобат фаро гирифтани беморони гирифтори КОВИД-19, пурзӯр намудани фаъолияти шабонарӯзии онҳо, таъмини беморхонаҳои пойтахт бо маводҳои доруворӣ ва зиддивирусӣ, ҳамзамон, саривақт дастрас намудани маводҳои доруворӣ ба беморон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.