Имрӯз, 21 майи соли равон ҷаласаи навбатии ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои коронавирус доир гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Саида Умарзода, Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат ва ҳамзамон ба тариқи онлайн сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.
Сараввал Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дирӯз, 20 майи соли равон зимни вохурӣ бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ ироа гардиданд, ҷалб намуд.
Зикр гардид, ки мақсади мулоқоти дирӯзаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ баррасии воқеии вазъи ҷорӣ, ки кормандони соҳаи тандурустӣ дар бартарафсозии он нақши асосӣ доранд, инчунин, роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва вазифаҳо барои давраи наздиктарин ва марҳалаҳои минбаъда мебошад.
Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаҳои назорати қатъии гирифторони бемории КОВИД-19, ки ҳолаташон сабук буда, зери назорати табибон дар хона табобат мегиранд, таҳлили фавти шаҳрвандон аз бемориҳои гуногун, таъмини табибон бо маводҳои муҳофизатӣ, муносибати кормандони кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ бо беморон, таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо маводҳои тиббӣ ва зиддивирусӣ, назорати қатъии тақсимоти маводҳои доруворӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Вобаста ба иҷрои вазифаҳое, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш бо роҳбарон ва кормандони соҳаи тандурустӣ баён доштанд, аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.