Барои худро аз бемории сироятии коронавируси нави КОВИД-19 эмин нигоҳ доштан тадбирҳои зеринро анҷом бояд дод:
Риояи қойдаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ;
Ҳифзи фосилаҳо байни ҳамдигар дар тамоми ҷойҳо;
Бе зарурат набаромадан аз хона, муддате нарафтан ба меҳмонӣ;
Кам гашту гузор кардан дар кӯчаву хиёбонҳо;
Ҷамъ нашудан дар кӯчаҳо, бозорҳо, мағозаҳо, дорухонаҳо ва дигар ҷойҳо;
Ҷамъ карда суҳбат наоростан бо ҳамсояҳо дар назди хонаҳо;
Зери назорат гирифтани фарзандон, махсусан хурдсолон;
Шӯстани дастон пеш аз омода намудани хӯрок ва истеъмоли он;
Берун аз хона гаштугузор накардан бе ниқобҳои тиббӣ;
Як муддат гирд наовардани дӯстон баҳри ҳамнишинӣ;
Бе зарурат нарафтан ба айёдати бемор;
Як вақти муайян даст ба даст ва оғуш гирифта салом накардан бо наздикон;
Ба таҳлука наафтодан нисбати ин беморӣ;
Бештари вақти худро дар хона бо наздикон гузаронидан;
Ин ва чандин амалҳои дигар метавонанд мо ва дигаронро аз сироятёбӣ ба бемории коронавируси нави КОВИД-19 муҳофизат намоянд.