Сафари табибони варзидаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид

Сафари табибони варзидаи Ҷумҳурии  Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Май 21
15:58 2020

Бо ин мақсад имрӯз, 21 майи соли равон муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ва Шодихон Ҷамшед  бо табибони варзидаи  Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохурӣ  намуданд.

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вазорат ба табибони варзидаи кишвари дӯсту бародари Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки тӯли чанд муддат дар мамлакат ҷиҳати пешгирии бемории КОВИД-19 бо мутахассисони тоҷик вохурӣ ва мулоқотҳои судманд анҷом доданд, изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Роҳбари гурӯҳи табибони варзидаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Неъматҷон Иброҳимов иброз дошт, ки дирӯз, 20 май мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо роҳбарону кормандони муассисаҳои тандурустӣ тариқи телевизион тамошо намудааст ва аз он хеле шод аст, ки Сарвари давлати Тоҷикистон ба масъалаи пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории КОВИД-19  тавваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Номбурда аз  ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва ба табобат фаро гирифтани беморони коронавируси нави КОВИД-19 ситоиш намуда, иброз дошт, ки бо чунин омодагиҳо ва  андешидани чораҳои қатъӣ Тоҷикистон метавонад дар кӯтоҳтарин муддат ба ин беморӣ ғолиб биояд.

Ҳамзамон, роҳбари гурӯҳи табибони варзидаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Неъматҷон Иброҳимов ба таҷриба ва дониши мутахассисони тоҷик дар самти ошкор ва пешгирии бемории КОВИД-19 баҳои баланд дод.

Ҳамин тавр, сафари мутахассисони  варзидаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.

Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев 8 майи соли равон 8 нафар мутахассисони узбекистонӣ бо шумули пулманолог, реаниматолог, эпидемиолог, вирусолог ва ҳамшираи тиб бо мақсади мусоидат намудан  ба ҳамтоёни  тоҷики хеш ҷиҳати пешгирӣ ва табобати  беморони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 958
  • 1,242
  • 949,978