Раҷаббой Аҳмадзода оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуд

Раҷаббой Аҳмадзода оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуд
Май 23
08:11 2020

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манзилҳои фавтидагон аз бемории сироятии илтиҳоби шуш ташриф оварда, аҳли оилаи онҳоро аёдат намуда, таъзияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро расонид.

Раиси вилояти Суғд аз ҷумла оилаи фавтидаи бемории сироятии илтиҳоби шуш Робия Дӯстова, сокини деҳаи Сӯҷинаи Ҷамоати деҳоти Сӯҷина ва оилаи фавтида Хурсандой Гадоева, сокини кӯчаи ба номи О. Мӯъминова, №78 – и шаҳри Панҷакентро аёдат намуда, ба аҳли оила изҳори ҳамдардӣ баён дошт ва кӯмаки моддӣ расонда шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба мардуми ин маҳаллаҳо сӯҳбат намуда, ба роҳбарияти шаҳр ва масъулин дастур дод, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати идома додан ва пурзӯр намудани корҳои безараргардонӣ, тарғибу ташвиқи чораҳои мубориза бар зидди пандемияи нав чораҷӯӣ карда, пӯшидани ниқобҳои муҳофизатро дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ, мағозаву дорухонаҳо ва бозорҳо зери назорати ҷидди қарор диханд. Қоидаҳои гигиенӣ, меъёрҳои фосилавиро риоя намуда наздикон ва аҳли оилаи худро эҳтиёт кунанд. Баен дошта шуд, ки бо заҳмати шабонарӯзии табибони тоҷик аксари мубталоёни бемории COVID-19 шифо ёфта истодаанд. Ҳоло сироятёбӣ ба беморӣ коҳиш ёфта истодааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 672
  • 1,242
  • 949,692