Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи табибоне, ки дар чунин рӯзҳои вазнин ба мардум содиқона хизмат мекунанд, изҳори сипос намуданд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи табибоне, ки дар чунин рӯзҳои вазнин ба мардум содиқона хизмат мекунанд, изҳори сипос намуданд
Май 25
06:11 2020

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба муносибати иди Фитр ба ҳамаи табибон ва кормандони муассисаҳои тиббӣ, ки дар чунин рӯзҳои вазнин ба мардум содиқона хизмат карда истодаанд,  изҳори сипос намуданд.

«Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҳамаи табибон ва кормандони муассисаҳои тиббӣ, ки дар чунин рӯзҳои вазнин бо садоқат ба савганди касбии худ ба мардуми Тоҷикистон софдилона ва шабу рӯз хизмат карда истодаанд, бори дигар изҳори сипосу миннатдорӣ менамоям», —  гуфтанд Сарвари давлат.

Пешвои миллат тазаккур доданд, ки вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза мову шуморо водор месозад, ки нангу номуси миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии худро аз даст надиҳем, ба хотири таҳкими амнияти давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти ҳамаҷонибаи Ватани азизамон аҳлона саъю талош намоем.

Хотиррасон менамоем, ки бино  ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  айни ҳол дар 85  муассисаи тибби ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 нафар табибон ва 25 ҳазор нафар кормандони миёнаи тиб  фаъолият мекунанд.

Ба ғайр аз ин,  дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии  амлакат  7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 1,039
  • 1,242
  • 950,059