Дар пайравӣ ба иқдому ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории коронавируси нави КОВИД-19 аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсту хайрхоҳ ба муассисаҳои тандурустии мамлакат кӯмаки маводҳои тиббӣ расонида шуда истодааст.
Аз ҷумла дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ Абдурасул Муҳидов, Хуҷамурод Азимов, Муҳиддин Табаров, Ҷамшед Раҳимов, Аҳлиддин Сангов ва Хуршед Табаров ба маблағи умумии 150 ҳазор сомонӣ маводҳои доруворӣ, сару либоси тиббӣ, рахти хоб, маводҳои безараргардонӣ ва таҷҳизоти тиббӣ ба муассисаҳои тандурустии шаҳри мазкур тақдим карда шуд.
Ҳамзамон, ба 24 нафар кормандони шӯъбаи сироятии Беморхонаи марказии ноҳияи мазкур маводҳои хӯрока тақдим гардид.