Муассисаҳои тандурустӣ бо мавод ва таҷҳизоти тиббӣ таъмин мешаванд

Май 26
18:20 2020

 Имрӯз, 26 майи соли равон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва таъмин намудани Беморхонаи марказии ноҳияи Лахш бо маводҳои муҳофизатӣ, доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба беморхонаи мазкур як маводҳои тиббӣ дастрас гардонида шуд.

 Аз ҷумла, ба муассисаи мазкур дастпӯшаки таъмизнашуда, респиратори  навъи N95 100 адад, дастпӯшаки резинӣ барои кормандони ёрирасон, маҷмӯи маводҳои гигиенӣ, ҳароратсанҷи фосилавӣ ва дигар маводҳои тиббӣ дастрас гардонида шуданд.

Ҳамзамон,  имрӯз ба Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №11” шаҳри Душанбе ду адад ҳароратсанҷи фосилавӣ ва ба раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ бо таҳмон ва маводҳои масрафшаванда дастрас гардонида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки мавод ва таҷҳизоти тиббие, ки аз ҷониби созмону ташкилот ва давлатҳои алоҳида ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавируси нави КОВИД-19 ба Тоҷикистон ворид гардиданд, тибқи талабот ба муассисаҳои тандурустии мамлакат дастрас гардонида мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,154
  • 1,242
  • 950,174