Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ҷаласаи ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ баҳри пешгирӣ ва пайдоиши бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 баргузор гардид, ки дар он муовини раиси вилояти Хатлон Шарифӣ Ф. Б., Раёсати тандурустии вилоят Раҷабзода М. М., сартабибони беморхонаҳои марказии ноҳияӣ, марказҳои вилоятӣ, сардухтурони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, роҳбарони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои вилоят доир гардид.
Дар ситод вазъи кунунии бемории КОВИД-19 дар минтақаи Бохтар мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар идомаи он гурӯҳҳои корӣ ва сартабибони шаҳру ноҳияҳои минтақаи макзур оид ба фаъолияти хеш ҳисобот доданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҷаласаҳои ситоди вилояти Хатлон оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ баҳри пешгирӣ ва пайдоиши бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 мунтазам гузаронида мешаванд.