Ташрифи мутахассисони соҳаи тибби Хитой ба Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе

Ташрифи мутахассисони соҳаи тибби Хитой ба Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе
Май 28
10:51 2020

Имрӯз, 28 майи соли равон  мутахассисони Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе  ташриф оварда, бо мутахассисони беморхонаи мазкур вохӯрӣ намуданд.

Дар рафти вохурӣ ҷонибҳо масъалаҳои пешгирӣ ва табобати беморони коронавируси нави КОВИД-19-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Маврид  ба зикр аст, ки 24 майи соли равон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо бародаршаҳрҳо ва Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ, аз  ҷумла  коронавируси нави  COVID-19  аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ба шаҳри Душанбе  ҳамчун кумак таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ дастрас карда шуд.

Ҳамчунин, бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гурӯҳи калони мутахассисони соҳаи тиб-асосан вирусологҳо дар ҳайати 14 нафар аз музофоти Шенсии Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷиҳати табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар роҳи пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус-COVID-19   ба шаҳри Душанбе омаданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 1,026
  • 1,242
  • 950,046