Имрӯз, 28 майи соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” вохӯрии муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ва як қатор мутахассисони соҳаи тандурустии кишвар бо мутахассисони соҳаи тибби Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор гардид.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зимни суханронии хеш иброз намуд, ки бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мутахассисони соҳаи тибби Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Тоҷикистон ташриф оварда, баҳри пешгирӣ ва табобати беморони сироятии коронавируси нави КОВИД-19 бо табибони тоҷик табодули таҷриба хоҳанд кард.
Зикр гардид, ки то имрӯз мутахассисони соҳаи тибби Ҷумҳурии Халқии Хитой ба як қатор муассисаҳои тандурустии мамлакат ташриф оварда, роҳҳои пешгирӣ ва табобати беморони коронавируси нави КОВИД-19-ро бо мутахассисони соҳаи тибби кишвар баррасӣ намудаанд.
Ҳамзамон, дар вохурии мазкур роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии мамлакат ба тариқи онлайн иштирок намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки 24 майи соли равон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо бародаршаҳрҳо ва Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавируси нави COVID-19 аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ба шаҳри Душанбе ҳамчун кумак таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ дастрас карда шуд.
Ҳамчунин, бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гурӯҳи калони мутахассисони соҳаи тиб – асосан вирусологҳо дар ҳайати 14 нафар аз музофоти Шенсии Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷиҳати табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар роҳи пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус-COVID-19 ба шаҳри Душанбе омаданд.
Бо ҷонибдорӣ аз ташаббусу тадбирҳои муҳиму саривақтии Раиси шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 5 адад дастгоҳи нафасгирии сунъӣ (ИВЛ), Ҳукумати мардумии музофоти Шенсӣ бошад, 10 адад дастгоҳи нафасгирии сунъӣ (ИВЛ), 2400 баста либоси муҳофизатии яккарата, 9500 адад ниқоби муҳофизатии тиббӣ, 45000 ҷуфт дастпӯшакҳои яккарата, 45000 дона бахил ва аз ҷониби Комиссияи ҳамҷаворӣ ва дӯстии Созмони ҳамкориҳои Шанхайи Ҷамъияти дӯстӣ бо кишварҳои хориҷаи музофоти Шенсӣ зиёда аз 3000 Реагенти кислотаи нукелин барои муайянсозии сирояти коронавирус кумак намуданд.