COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон беш аз 5,8 миллион нафар гардид

COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон беш аз 5,8 миллион нафар гардид
Май 28
15:30 2020

Дар ҷаҳон шумораи гирифторони навъи нави коронавируси COVID-19 давоми шабонарӯзи гузашта 106 ҳазору 475 нафар зиёд шуда, ба 5 миллиону 814 ҳазору 593 нафар расид. Ҳамзамон аз ин теъдод то имрӯз 2 миллиону 515 ҳазору 490 кас шифо ёфтаанд ва 357 ҳазору 977 тан вафот кардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (1 746 217 нафар), Бразилия (414 661), Россия (379 051), Испания (283 849), Британияи Кабир (231 139), Италия (231 139), Франсия (182 913), Германия (181 895), Туркия (159 797) ва Ҳиндустон (159 054) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар беморон дар ИМА (490 151), Испания (196 958), Бразилия (166 647), Германия (163 200), Россия (150 993), Италия (147 101), Туркия (122 793), Эрон (112 988), Чин (78 288) ва Ҳиндустон (67 929) шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (102 114 нафар), Британияи Кабир (37 460), Италия (33 072), Франсия (28 596), Испания (27 118), Бразилия (25 697), Белгия (9 388), Мексика (8 597), Германия (8 533) ва Эрон (7627) шомил мебошанд.

11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда,  имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 973
  • 1,242
  • 949,993