Пардохти иловапулӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ, ки бевосита дар ташхис ва табобати COVID-19 иштирок менамоянд

Пардохти иловапулӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ, ки бевосита дар ташхис ва табобати COVID-19 иштирок менамоянд
Май 29
14:17 2020

Бо мақсади таъмини кафолати иҷтимоии кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020, №АП-1378 аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12,4 миллион сомонӣ барои пардохти иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ҳармоҳа ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурустӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти COVID-19 дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарордошта иштирок менамоянд, ҷудо карда шудааст.

Тибқи фармоиши якҷояи вазорати молия ва вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат аз 21 майи соли 2020, №114 ва №383 ҷиҳати таъмини иловапулӣ ба музди меҳнат дар моҳи май ба 5256 нафар корманди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла 995 нафар табиб, 1833 нафар корманди миёнаи тиб, 1547 нафар корманди хурди тиб ва 881 нафар дигар кормандони соҳа, ки маблағи ҳисобигардидаи фонди музди меҳнат 4,2 млн. сомониро дар бар мегирад ба суратҳисобҳои сарраёсат ва раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявии дахлдор гузаронида шуда, пардохти саривақтии он таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад.

Ҳамзамон, барои моҳҳои минбаъда пардохти иловапулии мазкур тибқи рӯйхати пешниҳодгардида ба вазорати молия ба роҳ монда мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 712
  • 1,242
  • 949,732