Маркази тамос дар вилояти Суғд кӯмакрасони аҳолӣ

Маркази тамос дар вилояти Суғд кӯмакрасони аҳолӣ
Май 30
08:22 2020

Шурӯъ аз аввали моҳи майи соли равон дар вилояти Суғд баҳри расонидани кӯмаку саривақт баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон доир ба масоили вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси COVID-19 дар назди Раёсати тандурустии вилоят Маркази тамос ташкил гардид. Маркази мазкур дар коргоҳи лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” дар вилояти Суғд ба фаъолият оғоз намуд.

Зимни суҳбат Фаррух Шокиров – роҳбари гурӯҳи вилоятии «Лоиҳаи  беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» изҳор дошт, ки бо мақсади саривақт дастрасӣ доштани аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, расонидани иттилооти воқеӣ ба сокинон оғоз аз санаи 8- уми майи соли равон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иқдоми Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Маркази тамоси вилояти Суғд оид ба масъалаҳои COVID-19 таъсис дода шуд.

Дар марказ зиёда аз 20 нафар ихтиёриён (волонтёрон) аз ҳисоби кормандони Лоиҳаи “ Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” дар вилояти Суғд, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва кумиҷроияҳои шаҳрҳои Хуҷанду Бустон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Суғд, Филиали муассисаи давлати “Маркази давлатии ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” дар вилояти Суғд фаъолият намуда, зангҳои шаҳрвандонро кабул менамоянд. Фаъолияти марказ шабонарӯзӣ (24 соат) дар ду баст ба роҳ монда шудааст. Барои онҳо 8 ҷои корӣ барои 6 нафар оператор ва 2 нафар мушовир бо дастрасии компютеру шабакаи интернетӣ муҳайё гардонида шудааст. Барои хотирмон, қулай ва осон гаштани зангҳо рақами ягонаи 211 ташкил карда шуд.

– То ин давр аз ҷониби кормандони Марказ беш аз 650 занги телефонӣ қабул гардида, асосан аз шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Истаравшан, Бӯстон ноҳияҳои Бобоҷон Fафуров, Мастчоҳ, Айнӣ ва инчунин ду занг аз шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа ворид шудааст. Муроҷиати бештари сокинон асосан оид ба гузаронидани чораҳои безараргардонӣ, рақамҳои телефони духтурони тиббии оилавию беморхонаҳо, бобати вазъи саломатии худ, маълумот оид ба бемории коронавирус таҳти назорат гирифтани фаъолияти дорухонаҳову арзиши маводи доруворӣ мебошад, илова намуд Фаррух Шокиров.

Бино ба гуфти масъулин фаъолияти Марказ шабонарӯзӣ дар ду баст ба роҳ монда ва кормандон пурра бо таҷҳизоти техникӣ ва дигар шароити зарурӣ фаро гирифта шудаанд. Барои беҳдошти раванди кор ҳамаи зангҳо сабт гардида, дар ҳамкорӣ бо мутахассисону масъулини соҳа ба муроҷиаткунандагон маслиҳату машварати саривақтӣ дода мешавад. Ҳамаи ихтиёриён бо маводҳои безараргардонӣ (антисептикҳо), дастпӯшакҳо ва ниқобҳо таъмин шудаанд. Ихтёриён бо хӯроки гарм таъмин шудаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 916
  • 1,242
  • 949,936